БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ-ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

А. ҶОМӢ.   Семинар-машварати омӯзишӣ  бо иштироки раисону коргузорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба маҳалли зист доир гардид.

Семинари мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кушода, мавсуф вобаста ба аҳамиятнокӣ ва роҳу усулҳои татбиқи аксияҳои ҳизбӣ ва таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастуру супоришҳо ва маълумотҳои дақиқ доданд.

Сипас, аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроия дар ҷараёни семинар-машварати ҳизбӣ моҳияти “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ” ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуда,   барои ҷоннок кардани фаъолияти корҳои дохилиҳизбӣ, ҳуҷҷатгузориҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, қабули аъзои ҳизб аз ҳисоби шахсони бомаърифат ва дигар паҳлуҳои фаъолияти ҳизбӣ ба раисони ташкилотҳои ибтидоӣ дастуру супоришҳо дода шуд. Семинар-машварати дастурдиҳӣ дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ  баргузор гардида, иштирокдорон аз он ба худ таассуроти хуб гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg