БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИРО БО ОБОДОНӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАВ ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ!

ҶАЙҲУН. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ва раиси Ҷамоати деҳоти Панҷ Камолзода Ҷалолиддин дар деҳаи Замини нави Ҷамоати деҳоти Панҷ ҷҳати амалӣ намудани Аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва «Якҷоя месозем!» роҳандозӣ гардид.

Дар рафти чорабинӣ зиёда аз 230 нафар сокинони деҳаи болозикр иштирок намуда, ба воситаи белу каланд тариқи ҳашари дастаҷамъона 1300 метри роҳи байни деҳаро сангфарш намуданд.

Зимни суҳбат Миралиён Қиёмиддин қайд намуд,  ки Аксияи мазкур бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, инчунин ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, инчунин қувваи сокинони маҳал роҳандозӣ карда мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg