БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ҲАДАФИ АСЛИИ МОСТ!

Н.ХУСРАВ. Масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо  мақсади  ба  сокинон  фаҳмонидани муҳтавои  Паёми  имсолаи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳиро   ба  роҳ  монда  истодаанд.

Ин навбат дар  Ҷамоати деҳоти Наврӯз дар ташкилоти ибтидоии   “Бешкаппа”  суҳбату  вохӯриҳо баргузор гардида, ба онҳо нуктаҳои  Паёми имсола ба таври муфассал  шарҳу  тавзеҳ  дода шуд.

Зимни суҳбат аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб қайд гардид, ки  дар  Паёми  имсолаи  Пешвои миллат,   ки  давлату  Ҳукумат пайваста   сохтори  кишоварзиро дастгирӣ  менамояд  ва  он  бо  маром  ин соҳаи ҳаётан муҳим инкишоф  ёфта,  ҳифзи  амнияти  озуқавории  мамлакат, бо ҷойи  корӣ таъмин  намудани  аҳолӣ, рушди  содирот ва  бо  ашёи хом таъмин кардани  саноати хӯрокворӣ нақши  назаррас  бозида  истодааст. Пешвои  миллат  дар Паёми  худ даъват  ба  амал оварданд, ки  бо  назардошти  вазъи  мураккаби  ҷаҳони  имрӯза мо  минбаъд низ  бояд  тарзе  кор  кунем, ки ба  ҳар  гуна мушкилоти  эҳтимолӣ   омода  бошем ва  нагузорем, ки  мардум аз  норасоии маводи ғизоӣ  танқисӣ  кашанд.  Бо  мақсади дастгирии  кишоварзони  мамлакат ва  таъмини  бозори истеъмолӣ  тамоми  кишоварзони  кишвар барои  як  сол,  яъне  соли 2021 аз  пардохти андози  ягонаи  замин озод карда шаванд.   

Сипас, сокинони маҳаллаи номбурда ва  кормандони  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ин гуфтаҳои Роҳбари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҳамвозии худро барои татбиқи амалҳои неку шоиста  иброз доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg