БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСҲОИ ҶАМЪБАСТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ИДОМА ДОРАНД

Н.ХУСРАВ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ва аъзои фаъоли ҳизбӣ маҷлиси ҳисоботӣ оид ба фаъолияти семоҳаи якуми соли 2021 баргузор гардид.

Дар  маҷлис  ду масъала - ҳисоботи  раиси  ташкилоти  ибтидоӣ  ва таҳкими низоми ҳаракати аъзои  ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ мавриди  муҳокима  қарор дода  шуд.

Дар рафти маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур  Умарзода Миноят Умар ҳисоботи ташкилотро ироа намуда, бо дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоӣ қарорҳои дахлдорро қабул намуд.

Дар  маҷлиси  ҳисоботӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  баромад  намуда,   оид  ба  рафти  корҳои  омодагӣ ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва сари вақт супоридани маблағи он, пешгирии  паҳншавии  бемории коронавирус, захираи маводи ғизоӣ барои дусола суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg