ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати ба мадум фаҳмонидани истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ бо усули “хона ба хона” бо сокинон дар маркази шаҳраки Ховвалинг суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.
Онҳо дар ин рӯз ба зиёда аз 50 нафар бошандагони кӯчаҳои ба номи Шариф Командир ва Мирзо Турсунзода суҳбат намуда, ба онҳо зарурат ва аҳамияти сарфаю сариштакорона истифодаи қувваи барқро дар шароити рӯз, ки дар натиҷаи паҳншавии бемории коронавирус ва ба амал омадани буҳрони шадиди иқтисодӣ ва душвориҳоро пеш овардааст, фаҳмониданд.