![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20210329_104504.jpg?itok=fZDmE9CA)
ҲАМАДОНӢ. Ба муносибати эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “М.Баҳодуров” маҳсули дасти аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ “ Созандагони Ватан” ба намоиш гузошта шуд.
Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бодомов Назрулло оид ба аҳамият ва рушди ҳунарҳои мардумӣ суҳбат намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар моҳияту аҳамияти бузурги эҳё ва густариши урфу одатҳои неки мардумиро дар рушду нумуи кишвар ва тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа равшан сохт.