
ЛЕВАКАНТ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаи Боҳтробод-2 ҷамоати деҳоти Гулистон бо сокинони маҳал баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Назарова Фароғат ба сухан баромада оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 2 июни соли равон дар семинар- машварати-кишоварзӣ дар деҳаи Чорсадаи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара баргузор гардида буд оид ба масъалаи ҷамъоварӣ, хӯроки чорво барои зимистони дар пешистода ва гирифтани ду се ҳосил гирифтан аз як замин андешаронӣ намуд.