БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ МАН ДАР ХИЗМАТИ ВАТАН - МОДАР

ҚУБОДИЁН. Дар асоси фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , “Дар бораи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Қубодиён маросими гусели  наваскарон, ки бо хоҳиши худ барои хизмат дар сафҳои  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буданд, чорабинии тантанавӣ барпо гардид.

Дар ҷамъомаде, ки ба ин муносибат доир гардид, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин Талбак, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб иштирок ва суханронӣ намуданд.

 Садриддинзода Бадриддин зимни суханронии хеш  изҳори миннатдории худро нисбати ҷавонони даъватгардида баён дошта, гуфт,  ки ҷавонони сарбаланди даврони соҳибистиқлолии кишвар бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмадонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки баланди масъулияти ватандӯстӣ  баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Ин аз он далолат мекунад , ки ҷавонон дар ҳақиқат меросбарони ин Ватану миллат мебошанд.

Инчунин, Шарифзода Маҳмадаюб раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён вобаста ба  даъвати наваскарон сухан гуфта, қайд кард, ки сафи хоҳишмандон ба хизмати  Ватан- Модар рӯз аз рӯз зиёд гардида,  ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии ҷавонон зиёд гардидааст.

Дар охир падару модари наваскарон бо фарзандони худ хайру хуш намуда, расми нон газонро гузарониданд ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳангчиён” бо барномаи рангини рангини хеш табъи  тамошобинонро болида гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg