БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН СЕМОҲАИ АВВАЛРО БО НАТИҶАҲОИ ХУБ ҶАМЪБАСТ КАРДАНД

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КДФ ХМК”-и  шаҳри Левакант бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  шаҳр маҷлиси ҳизбӣ доир ба натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи якуми ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии мазкур дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ барои семоҳаи аввали соли 2021 шунида шуд.

Сипас, баромадкунандагон оид ба татбиқи самтҳои афзалиятноки Паёми навбатӣ, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои созандаи ҳизб ва дар самти бунёдкорию созандагӣ баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, иштирокдоронро ба амалҳои неку созанда раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg