КӮЛОБ. Дар шаҳри Кӯлоб дар ҷамоати деҳоти Даҳана, деҳаи Офтоблиқо бо дастгирии нафарони саховатпеша ва ҷалби сокинон корҳои созандагиву ободонӣ мунтазам роҳандозӣ карда мешавад.
Ин навбат бо дастгирии оилаи Назаровҳо дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” бо истифда аз техникаи вазнин заҳбуру заҳкашҳои деҳа тозаву озода гардонида шуданд.
Дар баробари ин дар ин рӯз сокинон низ тариқи дастӣ саҳмгузорӣ намуданд.
Ҷои зикр аст, ки сокинони деҳаи мазкур дар ҳамаи корҳои созандагиву ободонӣ, хусусан, дар баргузории Аксияи ҳизбии “Рӯзи ёдоварӣ” ва дигар дастурҳои ҳизбӣ фаъол буда, дар заминаи он ташаббусҳои некро пайваста роҳандозӣ менамоянд.