БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИФОДАГАРИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ АСТ

ДӮСТӢ. Дар толори ҷамоати шаҳраки 20- солагии Истиқлолият вохӯрии номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Ҷалолиддини Балхӣ-30” Одиназода Ҳуснигул Раҷаб  бо аҳли ҷамоатчигии ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Барномаи пешазинтихоботии номзад ва худи номзад муаррифӣ шуда, ба самъи интихобкунандагон расонида шуд.

Одиназода Ҳуснигул  самтҳои Барномаи пешазинтихоботии худро роҷеъ ба сиёсати иқтисодӣ ва корҳои созандагиву ободонӣ, саҳм гузоштан дар рушди иқтисоди экологӣ, ободу зебо гардонидани деҳаву маҳаллаҳо, баланд бардоштани мақоми фарҳанг дар ҷомеа, яъне таблиғи ҳунарҳои мардумӣ, азнавсозӣ ва бунёд кардани клубҳои фарҳангӣ дар ҳудуди деҳаҳо, инчунин самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва фермерӣ бо мақсади аз ноҳияи аграрӣ ба саноатӣ гузаштан ва бо ин роҳ фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ иброз намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg