БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ

АНДЕША. Устод Ҷалолиддини Рӯмӣ беҳуда нагуфтаанд, ки “Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст”. Агар мо ба таърих назар афканем ду халқияте, ки дар минтақаи Осиёи Миёна аз лиҳози урфу одат, расму оин ва болотар аз ҳама ҳамсоягиву дӯсту бародаре вуҷуд дорад, ки ин халқиятҳо тоҷикон ва қирғизҳо мебошанд.

Имрӯз ҳодисаҳои нигаронкунандае, ки солҳои охир дар гузаргоҳи ду давлат ба вуқуъ пайваста истодааст, албатта бо эҳсосоти ду миллати қадима ва соҳибтамаддун таъсири манфӣ мегузорад. Муноқишаҳои сарҳадӣ, ки дар сархати бархе аз расонаҳои иттилоотӣ ҷой гирифтааст ва ҳамаи мо нағз медонем, ки ин амиқан на аз ҷониби  мардум, балки аз ҷониби ду се нафар бадхоҳону иғвоангезоне, ки дӯстӣ ва оромӣ, сулҳу амният ва дастовардҳои ин ду халқият ва давлати минтақаро нодида мегиранд, рӯйи кор омада истодааст. Таърих гувоҳ аст, ки хоса миллати тоҷик  дар гузашта низ тарафдори ҷанг ва хунрезӣ набуд ва нест.  Хосса занону модарони тоҷик доимо посдорандаи сулҳу суботи ҷовидона ҳастанд.

Бояд ёдовар намоям, ки ҷонибҳои Қирғизистону Тоҷикистон низоъ ё муноқишаи сарҳадӣ  мехостанд аз умқи таърих ва дар асрҳои гузашта ба муқобили аҷнабиёне, ки ба сарзамини Осиёи Миёна сар даровардаву мардуми ин минтақаро ба зери тасарруфи худ даровардан мехостанд, якдилонаву сарбаландона якҷоя шуда барои озодии истиқлолият ва сулҳу оромии мардумонашон мубориза намебурданд. Ҳамчунин сарони давлатҳои ҳарду ҷониб барои ба низом даровардани сарҳадҳо вохӯрӣ накардаву ба тавофуқ намерасиданд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон тӯли асрҳо боз ҳамсоя буда, робитаҳои дуҷонибаи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ ва ҳамзамон муносибатҳои дипломатӣ миёни ин ду халқияти бо ҳам дӯсту бародар барқарор карда шудааст. Вале боиси таассуф аст, ки солҳои охир дар Исфара, бахусус дар ҷамоати Ворухи вилояти Суғд ва дар маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаҳои марзӣ рух дода, боиси ҷангу ҷидол ва ба ҳам дарафтодани сокинон мегардад. Ин муноқишаҳое, ки дар сарҳад бо Ҷумҳурии Қирғизистон ба амал омадааст, кори мардум ва сарҳадбонон набуда, балки нақшаҳои пешакии бархе аз бадхоҳону иғвоангезоне, ки дар солҳои аввали истиқлолият ба даст даровардани Тоҷикистони азиз Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии миллати тоҷикро нахоста байни мардум иғво ангехтаву ҷанги шаҳрвандиро дар мамлакат ташкил намуданд, имрӯз низ мехоҳанд бо нақшаҳои ғаразноку нопоки худ боз ҳам оромии ин миллати тамаддунофарро халалдор намоянд.

Ман ҳамчун як ҷавони ин кишвар ва пайрави асили Пешвои миллат бо боварии  комил гуфта метавонам, ки ин хоинону бадхоҳони миллати тоҷик ҳаргиз ба нақшаҳои нопоку ғаразноки худ намерасанд, чунки миллати тоҷик ба мисли Эмомалӣ Раҳмон Пешвое дорад, ки ҳаргиз намегузорад хоре ба пои ин миллати аҷдодӣ расад. Замоне, ки миллати тоҷик давраҳои вазнинро аз сар мегузаронид маҳз ҳамин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки зимоми идораи давлатро ба уҳда гирифта, пеши роҳи хунрезӣ ва ҷанги шаҳрвандиро гирифт ва имрӯз низ дар натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Жеенбеков ин муноқишаҳои сарҳадӣ низ ҳалли худро хоҳанд ёфт.

Ҳамон хоиноне, ки зархариди хориҷӣ ҳастанду ба гуфтаи хоҷагони хориҷиашон амал менамоянд бояд донанд, ки ҳаргиз ба мақсадашон намерасанд.

Расулов Ғ.,  мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон                             

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg