БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҲИЗБИЁН ФАЪОЛИЯТАМОНРО БОЗ ҲАМ ХУБТАР БА РОҲ МЕМОНЕМ

ВОСЕЪ. Бо мақсади ҷамъбаст намудани фаъолияти семоҳаи аввали ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТМУ №16”-и ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ маҷлиси ҳисоботӣ гузаронида шуд.

Сараввал Солиҳов Фарух мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ба сухан баромада, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили сарфакорона истифодабарии неруи барқ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва таълиму тарбияи дурусти ҷавонон ибрози ақида намуд.

Сипас, раиси ташкилоти ибтидоии болозикр ҳисоботи семоҳаи якуми фаъолияти ташкилотро ироа намуда, бо дастгирии ҷамъомадагон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg