
КӮЛОБ. Бахшида ба фарорасии 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Суғдиён-1” вохӯрӣ ташкил намуданд.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ба сухан баромада, гуфт, ки давлати соҳибистиқлоли мо бо шарофати Ваҳдати миллии ба дастоварда ҳамасола барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, истиқлолияти комили энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти озуқаворӣ зина ба зина рӯ ба таррақӣ намуда истодааст. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки бо кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии мардуми меҳнатдӯстӣ кишварамон тамоми мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ бартараф шуда, бо нияту нақшаҳои неки дар пешистодаамон ҳарчи зудтар хоҳем расид.
Дар фарҷом қайд шуд, ки эҳёи Ваҳдати миллӣ ва созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоиятии ҷомеа пеш аз ҳама миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва Тоҷикистони азиз ва муқаддасро аз пора- пора гардидан ва ба нестӣ расидан раҳоӣ бахшид. Моро ҳушёрӣ мебояд, ки ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам амалӣ ганҷи бебаҳои тоҷикон-Ваҳдати миллиро ҳифз намуда, ба қадри он расем.