БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШУМОРАИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ МЕАФЗОЯД

БОХТАР. Дар Кохи Ватани шаҳри Бохтар маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар Ансамбли “Шашмақом”-и вилояти Хатлон доир шуд. Толибзода Толиб ва Саидов Илҳом кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  дар маҷлиси мазкур иштирок доштанд. Нахсут Қосимзода Шералӣ роҳабри Ансамбли “Шашмақом”-и вилояти Хатлон оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ андешаронӣ карда, афзуд, ки ҲХДТ –ҳизби пешоҳангӣ ҷомеа буда, таҳти шиори “Барои пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум”  фаӯолият менамояд ва мо шахсони масъули ҳизбӣ  дар оянда низ кушиш мекунем, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳми назарраси худро гузорем.

Сипас, Толибзода Толиб доир ба моҳияти барнома ва ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мавқеи имрӯзаи ҳизб, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ибрози назар карда,  гуфт, ки пос доштани фарҳанги миллӣ ва арзишҳои мардумӣ, эҳё намудани ҳунарҳои халқи дар меҳвари асосии ҲХДТ қарор дорад. аз ҷумла, бо дастгирӣ ва пуштибонии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз санъатҳои миллии тоҷикон шаммақом  мақоми давлатиро соҳиб шуда, ҳамасола дар кишвар Рӯзи Шашмаком бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Дар идома масъалаҳои интихоби раис ва котиби масъули ташкилоти ибтидоӣ муҳокима гардида, бо пешниҳод ва ҷонибдории аксари аъзои ҳизб Обидов Муҳаммадзариф раиси ашкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуда, ташкилоти мазкур “Мақом” номгузорӣ гардид. Ҳамзамон ба чанд нафар кормандони аҳли санъати Ансамбли “Шашмаком” шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg