БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТТЭ ҲНИ ВА ГУРӮҲИ 24- НА МУХОЛИФИ ҲУКУМАТ АСТ, БАЛКИ ДУШМАНИ МИЛЛАТУ ВАТАН ҲАСТАНД!

ВОКУНИШ. Аз азал аён аст,ки роҳбарону пайравони фаъоли ТТЭ ҲНИ ва дигар ташкилотҳои экстремистиву ифротии ба онҳо баробар шудаи Гурӯҳи 24 ва ғайраи дигар,ки  мутаассифона  ҳама шаҳрвандони Тоҷикистонанд бо вуҷуди айни замон заифу нотавон будану ва дар Аврупо паноҳ бурдан,  то  ҳанӯз  аз ин мақсади ғаразноку нопашон даст накашидаву бо роҳи бӯҳтонзанию иғвоангезӣ зидди миллату давлати хеш фаъолият доранд.

Ҳамватанони азизи ба ҷону дил баробар, алалхусус муҳоҷирони муваққатии мо дар хориҷи кишвар бештар бояд дарк намоянд,ки аслан мақсади ин хоинони миллат, комилан зиддм манфиатҳои миллату  Ватан  мебошад.

Ҳайрону мушавашам, чаро мардуми мо гузаштаи начандони дури таърихӣ-ҳодисаи нангини сиёсии  солҳои  90-уми  асри  гузаштаро  аллакай  фаромӯш сохтаанд, ки маҳз душманони миллат аз ана ҳамин ноиттифоқиву  беэҳтиромии мо нисбат ба якдигар сӯйистифода намуда, қариб буд,ки миллати моро аз байн бурдаву кишвари ном Тоҷикистонро аз харитаи ҷаҳонӣ мебардоштанд.

Маҳз рӯзҳои шуму нангинро бар сари миллати мо ана ҳамин зархаридон оварданду миллатро овораву  Ватанро  дар  хун  оғушта  карданд.

Эй ҳамватан, алахусус муҳоҷирони Ватанӣ,ки Шумо фарзандони асил ва баорӯ нанги миллат ҳастед, агар гумон кунед,ки ин тудаи фирории наҳзативу пайравонашон бо роҳбарии Кабириву Муҳаммадиқбол  ва  ғайра  суханронҳои онҳо,ки  дар сайту сомонаҳои гуногуни интернетӣ буҳтону туҳмат мезананд, воқеан ҳам мухолифи сиёсии Ҳукумати Тоҷикистонанд, хатои маҳз ва нобахшиданӣ мекунед.

Ҳеҷ гоҳ  фаромӯш насозед, ки бо ин ташкилотҳои террористӣ пайравӣ ва созиш намудан ва ё бо мақсадҳои муайяне пуштибони онҳо будани ин хоинон метавонад дар ояндаи наздик барои миллату давлати хатарҳои ҷиддӣ пеш орад. Зеро ТТЭ ҲНИ ҳам мисли ДОИШ, Ал-Қоида ва ғайра   ташкилотҳои харобиовари террористии динист,ки бидуни замон дар кишвари ҳамсояи мо арзи вуҷуд доранду намегузоранд,ки халқи Афғонистон амну осоиштагӣ дошта бошанду  кишварашон рушд  кунад.

Ҳизби сиёсии мухолиф маъмулан   бо роҳи қонунӣ, асосан дар интихоботҳо ва дар дохили кишвар истода мубориза мебарад.  Онҳое,ки аз хориҷи кишвар истода мубориза мебаранд, табиист,ки онҳо тудаи зархаридоне аз гурӯҳи мардуми ғаддори он миллате мебошанд,ки дар хориҷ хоҷаҳо доранду барои расидан  ба ҳадафҳои ниҳоии хеш, маблағгузорӣ намуда,  онҳоро истифода мекунанд.

Зоҳиран ин Кабириву пайравонашон бо ҳама аъзои ТТЭ ҲНИ дар нохунак нисбат ба миллату давлат "ҒАМХОРАНД", ботинан бошад маҳаки фаъолияташон ҷиноятҳои зиддимилливу зиддиинсонианд.

Миллате, ки гузаштаи хешро фаромӯш месозад, ояндаашро бунёд карда наметавонад.

Агар ана ҳамин хоинони миллат намешуданду дар оғози соҳибистиқлолӣ мо миллати тоҷик онро бе ҷанги таҳмилӣ паси сар менамудем, имрӯз зиндагии мардумамон шоиставу кишварамон рушд дошт.

Маҳз ана ҳамин хоинон, бо ҳамин гуна шеваҳои мубориза  солҳои навадум дар кишвар таблиғоти идеологии барои мардуми мо бегонаро ҷорӣ кардаву сохти контитутсиониро барҳам дода миёни мардум низоъ андохтаву   оташи ҷанги шаҳрвандиро аланга доданд.

Хушбахтона, Шукронаи Эзиди пок ба ҳадафҳои ниҳоии нопокашон нарасидаву ноком шуданд. Шукрона,ки имрӯз аксарияти халқи Тоҷикистони азиз аз ниятҳои бади хоинону мазҳабфурӯшон Кабирию Муҳаммадиқбол ва дигар пайравони ТТЭ ҲНИ бархӯрдор ҳастанду онҳоро маҳкум менамоянд.

Боварию эътимоди баланд дорем,ки халқ чунон тифоқанд,ки на дастгирии созмонҳои Аврупоӣ фоида мекунаду на маблағҳои охундҳои шиамазҳаб гирифтаашон.

Ин хоинон ва пайравони онҳоро танҳо як роҳ интизор аст, ҶАВОБГАРӢ ДАР НАЗДИ МАРДУМ ВА ҚОНУН

Дигар ин халқ нест он халқи сода,

Ки монад роҳ бар душман кушода.

Муҳаммаддовуд Ҳалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg