ҶАЙҲУН. Дирӯз бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Асроров Саидшо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар Қасри Фарҳанги ноҳия бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии маҳаллу деҳоти ноҳия семинар-машварат оид ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ баргузор гардид.
Оид ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ ва моҳияти “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ” ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуда, аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин барои ҷоннок кардани фаъолияти ҳизбӣ, барасмиятдарории ҳуҷатгузориҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ, қабули аъзои ҳизб аз ҳисоби шахсони бомаърифат, роҳу усулҳои амалӣ намудани корҳои тарғиботӣ оид ба ҷалби ҷонибдорон барои аъзогӣ ба ҳизб, ороиши утоқҳои кории раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дигар масъалаҳо дастуру супоришҳо дода шуд.