БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАТБУОТИ ТОҶИК ОЗОДУ ОШКОРОСТ

ВОКУНИШ. Имрӯз на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ҳар як фард ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ дорад ва ба туфайли он метавонад фикру андеша ва маълумоти худро баён ё пахш намояд ва барои ин маҳдудият ба назар намерасад, ки ин шаҳодат аз озодии сухан мебошад.
Сардабири нашрияи “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов дар суҳбат дуруст қайд карданд, ки “Маҳдуд кардани озодии баён имрӯз тақрибан, ки ғайриимкон гаштааст. Дар тамоми ҷаҳон чунин аст, чун мардум ба Интернет дастрасӣ доранд ва журналистикаи шаҳрвандӣ хеле рушд кардааст”.
Далели ин гуфтаҳоро на танҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, балки дар ҳамаи нашрияҳои давлатию ғайридавлатӣ мушоҳида карданамон мумкин аст.  Ҳамагуна камбудиву норасоӣ ва проблемаҳои мавҷудаи ҳаёти имрӯзаи кишвар дар фаъолияти ВАО-и кишвар, бахусус матбуот матраҳ мегарданд.

Зимни тамошои суҳбат мушоҳида намудам, ки Бахтиёр Ҳамдамов ҳамеша орому ботаҳаммул ҳарф мезад. Ба саволҳо ботамкинона ва бо риояи одоби тоҷикона ҷавоб мегуфт. Ин нишонаи маърифати баланд ва этикаи журналистист.

Матбуоти тоҷик озоду ошкорост. Мардуми шарифи Тоҷикистон низ фикру ақида, танқид ва дигар ҳолатҳоро озодона баён менамоянд.

Ман аз тамошои наворе, ки бо шаҳрвандон саволу ҷавоб гузаронида шуд, ба хулосае омадам, он шахсоне, ки матбуот дар кишвари мо озод нест гуфтанд, шахсоне мебошанд, ки онҳо худ ягон маҷаллаву рӯзномаҳоро мутолеа накардаанд ва агар аз онҳо пурсон шавем, ки ному насаби яке аз сармуҳаррирони рӯзнома ва ё номи ягон маҷалларо бигӯянд дар ҷавоб қариб чизе нахоҳанд гуфт.

Бахтиёр Ҳамдамов дуруст қайд карданд, ки фикри худро баён кардан ин худ озодист ва агар дар тамоми ҷаҳон чунин савол пешниҳод гардад, ҷавобҳову фикру ақидаҳо гуногун мебошад.

Ин маънои онро дорад, ки давлат дар ҳақиқат демократӣ буда, матбуот озод мебошад ва ягон монеагӣ дар роҳи рушди матбуоти тоҷик дида намешавад.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо озод аст ва ҳар як шахс метавонад озодона баёни андеша намояд.

Хидиров Баҳодур, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg