БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КӮЛОБ. Дар ҳошияи дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар шаҳри Кӯлоб биноҳои муҳташаму замонавӣ ва боғу гулгаштҳои зебо сохта ба истифода дода шуда, ба шаҳр ҳусну таровати дигар зам менамояд.

Инчунин, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон партави дастурҳои созандаи Сарвари давлат аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд таъмиру азнавсозии роҳҳо ва бунёди иншоотҳои хурду азим ба нақша гирифта шудааст, ки баъди амалишавии симои зоҳирии шаҳр боз ҳам дилрабо гардида, ҳамзамон садҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил хоҳад шуд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо роҳҳои байни Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин мумфарш шуда истодааст. Корҳо дар ин самт вусъат ёфта, дар баробари ин роҳҳои пиёдагард сафолакчинӣ гирдида истодааст. Баъди ба истифода додани ин роҳ рафту омади сокинон миёни Кӯлоб ва Ш. Шоҳин беҳтар шуда, ҳадяи арзандае хоҳад буд ба муносибати ин ҷашни таърихии миллат.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg