БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАН ХОКИ ВАТАН БА ДУРУ ГАВҲАР НАДИҲАМ...

Сарҳаду паҳнои ВОРУХРО чи мепурсӣ?

Аз азал ҳар зарра хокаш тоҷикистонист!

ВОКУНИШ. Ватан чист? Ватан ҷойест, ки хуни ноф болои хокаш рехтаву бо хок олуда гардидаву Ватан маълум гаштааст. Инсону Ватан ҳамдигарро ба оғуш мегиранду мукаммал месозанд ва  Ватан ҳақдор ҳам ҳаст, ки акнун умедвор гардид, ки ин тифли парвардааш то чӣ андоза ӯро навозиш, васф ва шуҳратманд ва ифтихорманд мегардонад.

Болои хоки Ворухи ман низ ҳазорон-ҳазор хуни ноф рехтаасту бо хок олуда гардида, Ватан ва Модар муайян гардидааст.

Имрӯз бархе аз мансабдорон ва худхоҳони  қирғиз аз ҳадди худ гузашта, аз меҳрубониву хомӯшии мо тоҷикон истифода бурда, мехоҳанд поррае аз сарзамини аҷдодии моро ғасб кунанд. Ин хостаи онҳо ғайриимкон аст ва мо тоҷикҳо ҳеҷгоҳ пораи Ватанро, ки бо пораи ҷон баробар аст, ба ҳеҷ дуру гаҳвар иваз нахоҳем кард, зеро ки мешавад инсон дар зиндагӣ, вақте, ки нафас мекашад, порае аз танашро канда ба касе диҳад. Асло!!!

Изҳороти Ташиев Қамчибек -раиси КДАМ Қирғизистон нисбати Ворух асосан иғвогарона аст.  Пешниҳод кардани он чизе, ки худхоҳӣ асту барои тарафи дигар ғайри қобили қабул мебошад, маънои қасдан тамоми раванди гуфтушунидро ба бунбасти сарбаста бурда расониданро дорад. Ва агар дидаву дониста набошад, пас ин бояд аз нотавонии мутлақ ва надоштани қобилияти баҳо додани воқеъбинонаи ҳодисаҳо шаҳодат диҳад.

Ба раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тешаев ҳамчун як модари тоҷик, соҳиби аслии хоки Ворух муроҷиат намуда мегӯям, ки хомӯшии мардуми тоҷик ин аз фарҳанги воло ва аз Худогоҳиву худшиносиамон аст, вагарна агар тоҷике бо қаҳр бихезад, сари ҳазорон Чингизи худҳоро забҳ кунад. Қирғизистонро ба мушташ бигираду дигар аз Чингизу қирғиз асаре намонад.

Ҳолатҳои  пай дар пайи анҷомдодаи ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷониби Қирғизистон дар сарҳади Тоҷикистон боварию эътимод ва дӯстии ду миллатро хатарзо намуда истодааст. Ба ҳуҷумҳои қаблии ҷониби қирғизҳо мо ватандорон чашм пӯшида, гузар кардем, лек бархе аз мақомотҳои ҷониби Қирғизистон хубии моро ба ҷойи хушомад ва дӯстии моро ба ҷойи хиёнат ташбеҳ дода, дидаву дониста муносибати ду давлатро халалдор сохтан мехоҳанд.

Мо хоки Ватан ба дуру гавҳар надиҳем ва Шумо низ ҳоло фурсат доред барои худхоҳии худ  муносибати миёни ду давлатро барҳам насозед, зеро ки мардуми осоиштаи ду давлат ҳеҷгоҳ ҷангу ҷидолро намехоҳад ва дар ҳолати низоъ бархостанд, яқин аст, ки халқи ҳарду давлат осеб хоҳад дид.

Зимнан, ҳамсоягии тоҷикону қирғизон ин амри таърих аст ва он заминаҳои воқеии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад. Муносибатҳои ҳамсоягӣ, дӯстиву бародарии тоҷикону қирғизон таърихи зиёда аз 4-асра дорад.

Бовар дорем, ки ҷониби қирғизҳо дар ин дафъа мантиқи рафтор намуда, барои аз байн рафтани масоили муноқишаҳои марзӣ амиқан ақли солим ғалаба менамояд ва дар заминаи таҳаммулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ, гузашткунӣ бо назардошти дурнамои рушду нумуи халқи тоҷику қирғиз ҳалли адолатноки худро меёбад, зеро ки бахшиш аз бузургон гуфтаанд.

Ба қавли шоири ширинзабони тоҷик Давлат Сафар;

Тангчашмоне, ки дилтанганд,

Аз азал дар домани кӯҳи маломат,

Сад бағал санганд!

Рӯ ба рӯ оинаро бинанд

Пора-пора, майда-майда мекунанд,

Чунки аз оина безоранд.

Пуштгардонанд дар оин,

Чашмҳо бе меҳру пур аз кин!

Сарҳаду паҳнои ВОРУХРО чи мепурсӣ?

Аз азал ҳар зарра хокаш Тоҷикистонист!

Решаи зардолуву ҳар барги токаш

Тоҷикистонист!

Тамъи себу тамъи нокаш Тоҷикистонист!

Қатраи обе, ки менӯшӣ, ту, эй қирғиз!

Ҷӯи покаш Тоҷикистонист!

Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg