БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“РӮЗИ ЁДОВАРӢ” БАҲРИ ТОЗАВУ ОЗОДА НАМУДАНИ ОРОМГОҲҲО

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бахшида ба истиқболи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидшо Асроров ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон  ҳашари умумӣ бо сокинони маҳаллаи Шоҳмот 1-2-и  Ҷамоати деҳоти Озодагон  дар оромгоҳи маҳаллаи номбурда корҳои ободонию созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Рӯзи ёдоварӣ» таъмиру таҷдиди гирду атрофи оромгоҳ ташкил ва баргузор гардида суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.

Зимни Аксия корҳои тозагӣ ва ободонӣ гузаронида шуд, ки дар он сокинон, хасу хошокҳои онро тоза карданд. Ҳамзамон, дар натиҷаи гузаронидани ҳашари умумӣ аз тарафи масъулин ба иштирокчиён муҳтавои он ва ҳадафи аксияи мазкур фаҳмонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg