ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ба як нафар аз оилаҳои маъюбӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сулҳ»-и ҷамоати шаҳраки Панҷ дар доираи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расонидани кумак ба ятимону бепарасторон, гирифтани дасти маъюбону шахсони ниёзманди ҷомеа кори хайреро анҷом доданд.
Зимни аёдат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода бо оилаи гурӯҳи маъюби 2-юм суҳбати самимона ороста, ба ин оила кумаки озуқаворӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ ва дигар намуди маҳсулотҳои ғизоӣ расонида шуд.