БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН АЗ СЕМИНАР- МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ТААССУРОТИ НЕК ГИРИФТАНД

ПАНҶ.  Дирӯз дар  Маркази саломатии ноҳияи Панҷ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода бо  раисони ташкилотҳои ибтидоии деҳоту маҳал дар мавзӯи “Таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ ва татбиқи аксияҳои ҳизбӣ дар сатҳи маҳаллаву деҳот” семинар – машварат баргузор гашт.

Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода иброз дошт, ки ҷиҳати таҷлили пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон иҷрои зиёди корҳои созандагӣ таъмин мешаванд ва дар амалигардии чунин ташаббусҳо ҳамагон бояд фаъол бошем. Зимнан, дар семинар – машварате, ки доир шуд, усулҳои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, аз ҷумла тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, низоми ҳаракати ҳизбӣ омӯзонида шуд. Ҳамчунин, атрофи баргузории аксия ва дигар ташаббусу идеяҳои созандаи ҳизбиён сухан гуфта шуда, як қатор маслиҳатҳои муфид дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg