БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТОҶИКИСТОН МАТБУОТ ОЗОД АСТ!

ВОКУНИШ. Имрӯз дар мавриди озодии сухан ва озодии матбуот баҳсҳои гуногун ба вуҷуд меоянд, ки бештарашон асос надоранд. Аз суҳбатҳои сардабири “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов нашрияи ҲХДТ ва сардабири собиқ ҳафтаномаи “Нигоҳ” Фаридуни Раҳнавард, ҳар як шахс метавонад назар ва андешаашро нисбати озодии матбуот баён намояд.

Баёни андешаро дар чаҳорчӯбаи қонун касе ё чизе манъ накардааст. Ба таъбири баъзе «дӯстонамон» озодии сухан гӯё иҷоза медиҳад, ки ҳар чизи хоставу нохостаро ба забон биорему бигӯем. Аммо набояд фарҳанги гуфторро фаромӯш карда, аз доираи одобу ахлоқ берун бароем. Албатта, таҳқири лафзӣ, дашном, паст задани шаъну шарафи касеро бе ягон асос ҳеҷ касу ҳеҷ чиз иҷоза намедиҳад. Агар инро маҳдудияти озодии баён дар матбуот гӯем, билкул хато хоҳем кард.

Тасаввур кунед, ки агар матбуот ва дигар ВАО озод набошад, фазои иттилоотиро имрӯз чи пур кардааст???

Орзу Ашуров, узви фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg