БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!

НОРАК. Субҳи 1 апрели соли ҷорӣ шаҳри Норак қабои идона ба бар намуда буд. Дар ин рӯз ҷавонон бо амри дил бо хоҳиши худ барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳсипор гардиданд. Ин ҷавонони ватандӯсту қавииродаро сокинони бонангу номуси шаҳр бо гулу гулдастаҳо истиқбол намуданд.

Даъватшавандаҳо бо чеҳраи болида, ифтихор аз Ватану  миллат бар ба бари ҳам саф кашида буданд.

Дар ин чорабинии тантанавӣ раиси шаҳри Норак  Асозода Дилшод Алимурод, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, собиқадорони меҳнат, волидайн, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватн” иштирок доштанд.  

Раиси шаҳр зимни суханронӣ оид ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, вобаста ба мақоми ҳомиёни Ватан дар мавриди таъмини амнияту осудагии мардум, беҳдошти вазъи хизмати сарбозон сухан ронда, эҳсоси фараҳмандӣ намуд, ки ҷавонони имрӯза бо ҳисси баланди ватандорӣ, баҳри ободиву осоиштагии Ватан-Модар сарбаландона хизмати ҳарбиро ба ҷо меоранд. Хизмати Ватан-Модар, ҳимояи марзу буми кишвар рисолати азалии ҳар як ҷавонмард ба шумор меравад.

Таърих гувоҳ аст, ки ҷавонмардони бонангу номуси миллат тӯли ҳазорсолаҳо бо шуҷоату далерӣ, азму талош Ватани хешро аз истилогарони аҷнабӣ муҳофизат намуданд. Чуноне ки таъкид гардид, заминаи асоси таъмини бехатарӣ ва амнияти давлат, ҳимояи марзу бум ва сулҳу суботи кишвар дар ҳар давру замон артиш буд ва ин рисолати артиш минбаъд низ боқӣ мемонад. Хизмат дар сафи артиш, ҳимояи марзу буми Ватан-Модар низ ҳамеша мояи шараф ва ифтихори ҳар як фарди баору номус ва ватандор буд ва ин рисолат то абад мемонад.

Сипас, барномаи консертии ҳунармандони шаҳри Норак бахшида ба «Рӯзи даъватшаванда» ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши ҷамъомадагон карда шуд. Бо дуои пирони рӯзгордида ва волидайн наваскарон ба қисмҳои низомӣ сафарбар шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg