БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ БАРОИ РАИСОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ДАР МАҲАЛ

ҚУБОДИЁН. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №1 ноҳияи Қубодиён  семинар-машварат барои раисони ташкилотҳои ибтидоии деҳаву маҳаллаҳо доир гардид.

Дар кори семинар-машварат Миралиён Қиёмиддин  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон,  Шарифзода Маҳмадаюб раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, Бобоев Беҳрӯз мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон иштирок доштанд. Миралиён Қиёмиддин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба аҳамиятнокӣ ва роҳу усулҳои татбиқи аксияҳои ҳизбӣ ва таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ  бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии маҳаллу деҳоти ноҳия андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои пурзӯр кардани фаъолияти ҳизбӣ ҳидоят кард.

Инчунин, дар  семинар-машварати ҳизбӣ моҳияти “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ” ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуда, аз ҷониби масъулин ба раисони ташкилотҳои ибтидоӣ китобчаи “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ” дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg