БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сарҷамъона ва бо дасту дили пок ватанамонро обод мекунем

ҚУБОДИЁН. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мардум суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор намуда истодаанд.

Чунин вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Ҷангали ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоляти ноҳия баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб иштирок ва суханронӣ намуд.

Шарифзода Маҳмадаюб дар суханронии хеш аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бо аҳли зиёи  кишвар ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои додашуда мо бояд сарҷамъона ва бо дилу нияти пок ба ояндаи дурахшони Ватан кӯшиш намоем, ки дар корҳои ободонию созандагӣ барои ободии Ватани биҳиштосои худ фаъолона иштирок кунем, зиракии сиёсӣ, дӯстию рафоқат ва якдилию ҳамдигарфаҳмиро аз даст надиҳем. Насли оянда-ҷавононро дар руҳияи ватандӯстию худогоҳӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон, ҳифзи таъриху фарҳанги миллӣ тарбия намуда, онҳоро аз шомилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои тундгаро боздорем ва  ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи оромию осудагӣ ҳидоят созем.

Инчунин мавсуф дар идомаи суҳбат  аз самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ёдовар шуда, қайд намуд, ки баҳри амалӣ намудани онҳо бояд ҳар як аъзо ва ҷонибдори ҳизб талош варзад то ба ҳадафҳои олии худ бирасем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg