БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ БА МО СОЗАНДАГИРО ОМӮЗОНД

ЁВОН. Сокинони деҳаи Фирдавсии Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию созандагиро дар маҳал амалӣ менамоянд. Дар арафаи ҷашни байналмиллалии Наврӯз ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатманди ҷомеа барои фароҳам овардани шароити мусоид дар деҳот,  дар доираи Аксияи ҳизбӣ “Якҷоя месозем!” ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ!” пули мошингузар дар маҳалла сохта ба истифода доданд. Ин пул деҳаро бо роҳи марказии Ёвон-Абдураҳмони Ҷомӣ пайваст мекунад.      Шукронаи Истиқлолияти давлат ва Пешвои миллат, ки бо заҳмату талошҳои он кас корҳои ободонию созандагӣ дар кишварамон бо маром идома дорад. Ҳамаи соҳибкорону шахсони саховатманд бо пайравӣ аз Пешвои миллат корҳои ободонию созандагиро пешаи кори худ кардаанд, ки ин амали нек боиси ифтихори миллӣ ва ватандорист.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg