БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АРТИШИ МИЛЛӢ – МАКТАБИ ҶАСОРАТУ МАРДОНАГӢ

АНДЕША. Ҳанӯз дар оғози таъсисёбии Артиши миллӣ, яъне дар шароити ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афсарону сарбозони шуҷоъ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, барои барқарорсозии сохти Конститутсионӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ, қатъи ҷангу хунрезӣ, аз нестшавӣ ва парокандагӣ нигоҳ доштани давлату миллат, истиқрори сулҳу оромӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон саҳми ниҳоят арзишманд гузоштанд.

                                                                                                                                                                             (Эмомалӣ Раҳмон)

Аз таъсиси Қувваҳои Мусаллањи Љумњурии Точикистон 28 сол сипарӣ шуд. Қувваҳои Мусаллањи Љумњурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиќлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Баъди пош хӯрдани собиқ Иттињоди Шӯравї кишварњои навтаъсис, алалхусус давлатњои мустаќили Осиёи Марказї дар заминаи биною иншооти амнияти њарбидошта, Қуввањои мусаллањи хешро бунёд намуданд. Њамзамон, онњо аз Артиши пурќудрати Шӯравї техникаи мухталифи љангї ва яроќу аслињаи гуногунро мерос гирифтанд.                          

Вазъи душвори њарбї-сиёсии он солњо имкон надод, ки Тољикистон аз мероси Артиши Иттињоди Шӯравї бархурдор гардад. Дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон танњо дивизияи тирандозии 201-ум љойгир буд.
Мутаассифона, он замон дар љумҳурї љанги шањрвандї љараён дошт ва милликунонии он метавонист сабабгори васеъ ва тӯлонї гардидани ин муноќиша гардад. Раванди њодисаҳои баъдї исбот намуд, ки дар ихтиёри Россия мондани дивизияи 201-ум, ягона роњи њалли дуруст ва љавобгӯи манфиатњои миллии Тољикистон аст.                  
Артиши миллии мо дар замони соҳибистиқлолии кишвар марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, имрӯз бо кадрҳои дорои донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад, ба нерӯи мунтазами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ, ки он зодаи Истиқлолияти давлатӣ аст, табдил ёфт. Мо бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаби шуҷоат мардонагиро омӯзем. Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Имрӯзҳо хушбахтона ҷавонони бо нангу номус барои дифоъ аз марзу бум, давлату миллати хеш        ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шомил мешаванд.

Ҳамзамон, барои нафароне, ки ихтиёран ба ин мактаби мардонагӣ шомил мешаванд, имтиёзҳои зиёде аз тарафи давлату ҳукумат дода шудааст. Айни ҳол дар ноҳияи Ёвон зиёда аз 200 нафар ҷавонони ҷасуру далер дар курсҳои ронандагӣ ҷалб карда шудаанд, ки баъди хатми он ба сафи Артиши миллӣ шомил мешаванд. Аҳсан ба сарбозони шуҷоъу далер, фарзандони бонангу номуси Ватан, ҳимояткунандагони марзу бум, зеро, ки 9 миллион шаҳрванди Тоҷикистони азиз имрӯз бо Шумо осудаанд.

Кист сарсупурдаи Ватан, ману туем, ману туем!

Он, ки дӯст дорад ин чаман, ману туем, ману туем.

Нозиров Хайём, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg