ДӮСТӢ. Дар маҷлисгоҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ мулоқоти номзади ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Ҷалолиддини Балхӣ-30” Одиназода Ҳуснигул ҷиҳати муаррифии номзад ва Барномаи пешазинтихоботии он бо кормандони соҳаи тиб доир гардид.
Дар рафти мулоқот аз тарафи номзад самтҳои Барномаи пешазинтихоботӣ роҷеъ ба хизматрасониҳои тиббӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, эҳтиёҷмандон, нафақахӯрону собиқадорони меҳнат ва ба хизматрасонии тиббӣ фаро гирифтани онҳо, талош намудан баҳри беҳтар шудани механизми таъминот бо доруворӣ, сифат ва таъсирбахшии маҳсулоти доруворӣ ва фаъолияти фармасефтӣ суханронӣ карда шуд.
Сипас, дар навбати худ интихобкунандагон ба номзади хеш вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз суолҳои хешро пешниҳод карда, аз ҷониби номзад ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.