ДАНҒАРА. Дирӯз бо мақсади сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини аввали раиси ноҳия, Шарифзода Ҷамшед ҳусни оғоз бахшида, ба ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мераванд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ ва шаҳодатномаҳои касбии кафшергарию дуредгарии Агентии шуғли аҳолӣ, меҳнат ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар ноҳияи Данғара тақдим намуданд.