БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН- МОДАР ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МАН АСТ!

ВОСЕЪ.  Дар ноҳияи Восеъ маросими тантанавии гусели наваскарони даъвати баҳорӣ ба сафи Артиши миллӣ баргузор гардид. Ба комиссариятии ҳарбии ноҳияи Восеъ 85 нафар ҷавонон барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ихтиёран ҳозир шуданд. Дар чорабинии мазкур намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” фаъолона иштирок намуданд. Ҳамзамон, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Восеъ Шарбатулло Азизулло змини суханронӣ иброз намуд, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбия, ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад.

Баъдан аз ҷониби санъаткорони қасри фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардида, даъватшудагонуволидайни онҳо рақсу хурсандӣ намуданд ва наваскаронро бо дуои нек ба хизмати Ватан гусел карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg