БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСҲОИ ҶАМЪБАСТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ИДОМА ДОРАНД

ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати санитарию эпидемиологӣ”-и ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ ва аъзои фаъоли он маҷлиси ҳисоботӣ оид ба фаъолияти 3 моҳаи аввали соли ҷорӣ гузаронида шуд.

Дар рафти маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ Қурбонова Мушаррафа ҳисоботи ташкилоти ибтидоиро ироа намуда, бо ҳамовозии якдилона ҷамъомадагон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Ҳамзамон масъулини ҳизбӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии мазкур дар давоми  семоҳаи якум, мақсаднок истифодабарии неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи ҳаққи истифода он, пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ суханронӣ намуда, ҳисоботи ташкилоти ибтидоиро хуб арзёбӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg