
ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо чанде қабл бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар деҳаи Тағойободи поёни ҷамоати деҳоти Обшорон бо иштироки фаъолони деҳаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Саёҳат дар самти Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани фарҳанги ғайр, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани навхонадорон, ободию хуррамии маҳал, ҳамкории оила бо мактаб андешаронӣ карда шуд. Иштирокдорон аз вохӯрии баргузоргашта таасуроти нек гирифтанд.