БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Манзалати давлату миллат дар фарҳанги пурғановати он инъикос мегардад

 ДӮСТӢ. Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти омӯзиши ҳунару истеъдоди волои тоҷикона дар доираи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру навоҳии Ватани азизамон чорабиниҳои гуногуни фарҳангию сиёсӣ баргузор гардида истодааст.

Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо ибтикори шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Рӯзигул Рустамова дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фарҳанг" чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.

Ҷавонону наврасон дар чорабинӣ ҳунарҳои мардумии аз қадимулайём ба мерос мондаро ба намоиш гузоштанд, ҳамчунин бо рақсу таронаҳои дилнишин хотири ҳамагонро шоду масрур гардониданд

Мақсад аз гузаронидани чунин чорабиниҳо рӯҳияи ҷавонон, майлу рағбат ва шавқу завқи онҳоро ба касбу ҳунаромӯзӣ баланд бардоштан арзёбӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg