БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАОРИФЧИЁН”

Н.ХУСРАВ. Дар ташкилоти  ибтидоии  “Маорифчиён”   маҷлиси  ҳисоботӣ - интихоботии  ташкилоти ибтидоӣ  оид баи  таъин намудани раиси ташкилоти ибтидоӣ ва самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар  маҷлис  ду масъала  мавриди  муҳокима  қарор дода  шуда, ҳисоботи  раиси  ташкилоти  ибтидоӣ  ва таъин намудани раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ шунида шуд.

Аз рӯи  масъалаи  рӯзнома  раиси ташкилоти  ибтидоии  “Маорифчиён” Муроталиев Нурилло интихоб  гардид. Дар  маҷлиси ҳисоботӣ-  интихоботии  ташкилоти  ибтидоии  мазкур  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Ализода  Сурайё  Ҷӯра оид  ба  рафти  корҳои  омодагӣ  ба   ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  ва озмуни “Тоҷикистон -Ватани азизи ман”  мавриди баррасӣ қарор дода, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоиро дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ  қаноатбахш арзёбӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg