БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИРАДИ АЗАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ХАЛҚРО САРҶАМЪ КАРД

АНДЕША. Тамоми таърихи муосири Тоҷикистон ба номи Эмомалӣ Раҳмон комилан алоқаманд аст. Дар тӯли солҳои президентӣ ба ӯ муяссар гардид, ки сулҳу ризоиятро дар кишвар таъмин карда, эҳтироми сазовори ҳамватанон ва нуфузи байналмилалиро пайдо намояд.

Владимир Путин, Президенти Федератсияи Россия

Монанд ба ҳамин гуфтаҳо метавон даҳҳо роҳбарону шахсони шинохтаи арсаи ҷаҳониро ёдрас шуд, ки дар сифоти Пешвои ҳақиқии миллати тоҷикон арз кардаанд. Ва ин барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ боиси ифтихору сарбаландӣ ба ҳисоб меравад, зеро хизматҳоеро, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлату миллати хеш кардааст, беназиранд.

АЗХУДГУЗАРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МОРО БА ҲАМ ОВАРД

Ба таърихи начандон дури миллат назар афканем, метавон дид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом ҳолат қарор дошт ва имрӯз кадом симоро ба худ касб кардааст.

Аз таърих маълум аст, ки санаи 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро эълон дошт. Муҳимтар баъд аз эълон гардидан ин истиқлолиятро нигоҳ доштан аз ҳама боло меистод. Чун солҳои 1991-1993 солҳои хеле вазнину душвор буд. Фалаҷшавии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва дар маҷмуъ як Тоҷикистон ба назар мерасиду миллатро парокандагӣ тащдид мекард. Дар робита ба ин, Пешвои миллат чунин баён доштаанд, ки: “Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва пос доштан зарур аст”

Дар ҳамин миён Пешвои миллат чун шери жаён аз миёни халқ бархосту бо суханони дар он лаҳзаҳои душвори кишвар “Ман ба шумо сулҳ меорам!” тавонист мардумро сари як андеша – ба ҳам омадан, бахшидан якдигар, даст болои даст гузоштан ва дар ҳамин замина хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва дар баробари ин барои ободии Ватани аҷдодиамон равона кардани нерӯи худ на барои ҷангу хунрезиву кушторӣ якдигар.

Ҷои пӯшида нест, ки хирадмандиву дипломатияи сатҳи баланд, донишу малака, азхудгузарӣ ва кордониву масъулиятшиносии Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали роҳбарияшон ба мардум умед бахшид. Маҳз, бо чунин Сарвар миллати тоҷик тавонист бар зидди гурӯҳҳои зиёновар истодагарӣ карда, дар натиҷа сулҳу суботро пойдор намуда, давлати деринтизори худро бунёд созанд. Имрӯз мо аз ифтихор дорем, ки мактаби сулҳофари Пешвоямонро дигар давлатҳо меомӯзанду дар раванди давлатдории худ истифода мебаранд.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро мебояд ин мактаби бузурги сулҳофар, ваҳдатофар, хештаншиносӣ ва ҷасорату мардонагии Сарвари давлатро амиқ дарк карда, ба насли минбаъд низ талқин намоем.

АБАРМАРДИ ЭҲЁКУНАНДАИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГ

Ҷавҳари талошу заҳматҳои Пешвои миллат барои пешрафт ва рушди босуботи Тоҷикистон равона карда шудааст. Ва инро ҳар як фард эҳсос менамояд. Зеро хизматҳои бузурги Пешвои миллат ҷиҳати муаррифии Тоҷикистон тавассути ташаббусҳояшон бо мақсади эҳёи решаҳои таърихии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ беназиранд. Махсусан, бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаашон ҷаҳонишавии ҷашни “Наврӯз”, ҳамасола таҷлили ҷашнҳои “Сада” ва “Меҳргон” дар кишвар ва дар баробари ин рукнҳои фарҳанги халқи тоҷик – “Фалак”, “Шашмақом” ва “Чакан” низ ҷаҳонӣ шуданд, ки боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як тоҷик мебошад.

Дар ин росто хусусан, мо – ҷавонон ба осору фарҳанги гаронарзиши ниёгон, ки умри чандҳазорсола дошта, роҳи моро барои ҳазорсолаҳои минбаъда муайян ва равшану мунаввар месозад, бояд арҷ мегузорем ва омӯзиши амиқи онҳоро вазифаи аввалиндараҷаи худ донем.

Тавре дар ин бобат Пешвои миллат дар яке аз баромадҳояшон ба маврид таъкид доштанд: “Таърихи тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки худшиносӣ ва ифтихори миллӣ пойдевори бақои миллати соҳибэҳтиром ва бофарҳанг аст. Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташонро низ чадон дер пуштибонӣ карда наметавонанд”.

БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД

Ояндаро бунёд кардан бе надонистани таърихи миллати хеш,  ғайриимкон аст. Хушбахтона, халқи тоҷик таърихӣ бою ғанӣ ва шахсиятҳои муттабар зиёд дорад, ки онҳо дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ нақши бузург дошта, ифтихори натанҳо мо – тоҷикон, балки сарфарозии мардуми олам гардидаанд.

Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаву худогоҳии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон ба насли имрӯзи Ватан муяссар гардид, ки ба зиндагиву осори ниёгони хирадманду шуҳратманди худ, аз ҷумла бузургдошти Абӯҳанифа Эъмоми Аъзам (соли 2009), Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 700-солагии аълома Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (соли 2015) ва ғайраҳо шиносоӣ пайдо намоянд. Оид ба ин, Пешвои миллат дар яке аз суханронии худ чунин изҳор доштанд, ки: “Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огоҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонад.” Пас, ба хотири ояндаи дурахшони миллат Сарвари давлат тамоми кушишҳои худро бар он равона месозад, ки насли наврасу ҷавон гузаштаи худро омӯзанд, ифтихор намоянд ва онро ҳифозат созанд.

ХАЛҚИ ТОҶИК АЗ ОН МАРДУМЕ НЕСТ, КИ ТАҚДИРИ ХУДРО БА ДАСТИ ДИГАРОН СУПОРАД

Миллати тоҷик роҳи пур аз шебу фарозро дар солҳои 90-уми асри гузашта тай намуда, аз хатогиҳои дар он вақт содиршуда сабақи хубе бардошт карда, ҳамакнун таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи миллат дар бунёди давлати навин равшан гардид.

Ин роҳи тайшуда бисёр мушкил буд, аммо шарафмандона. Чун дар он лаҳзаҳо гурӯҳҳои зиёди фармонбардор фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои бегонагон ба роҳ мондаанд, ки мақсадашон нопок буда, барои аз байн бурдани Тоҷикистони азиз – Ватани маҳбуби ҳамаи мо кор мекардаанд.

Баъд аз талошҳои зиёду фидокориҳои Пешвои миллат халқи тоҷик соҳиби зиндагии орому осуда гардид. Аммо, мутаасифона, имрӯзҳо низ баъзе аз гурӯҳҳо ва шахсоне ҳастанд, ки дур аз  асолати хеш монда, бо ҷаҳонбинии тангу торики худ пешравиҳо ва муваффақиятҳои Тоҷикистонро нодидагирӣ карда, сангҳои хоинонаи худро ба сӯи миллати худ мепартоянд. Яъне, душманони дохил ва хориҷ ҳанӯз умедашонро дигарбора аз ноором сохтани Ҷумҳурии Тоҷикистон накандаанд.

Лекин халқи тоҷик таърихи бою ғанӣ дорад ва аз он мардуме нест, ки тақдири худро ба дастӣ дигарон супорад.

Мардуми сарбаланди тоҷик аз гузаштаи вазнини худ сабақи хубе бардошт кардаасту шарафмандона дар ҳама лаҳзаҳо фарҳанг, забон ва расму оини ниёгони худро пос доштааст. Аз ин рӯ, ҳеҷ гоҳ  бар доми фиребу дассисаҳои заҳҳоксифатон дода намешавад. Ҳамеша бо пайгирӣ аз сиёсати бохиради Пешвои миллат макони аҷдодии худро ҳифз хоҳанд кард.

АНДЕШИДАНИ ТАДБИРҲОИ САРИВАҚТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС МИЛЛАТРО ЭМИН НИГОҲ ДОШТ

Дар баробари хартарҳои замони муосир ба монанди вусъат ёфтани амалҳои террористиву экстремистӣ, норасоии оби ошомиданӣ, боз ба як мушкилоти дигар, яъне ба бемории сироятии коронавирус инсояният рӯ ба рӯ гардид.

Як нуктаро бояд гуфт, ки шурӯъ аз соли 1918 то соли 1920 инсоният бо бемории вирусии “Испанка” зукоми Испанӣ (испанский грипп) дучор гардида буд. Ин бемории маргвор ду сол идома кард, дар ин муддат 550 млн. одамон гирифтори ин беморӣ шуданд, ки дар он замон (30%)-и аҳолии кураи заминро ташкил медод. Агар ба шумораи фавтидагон назар афканем, мутобиқ ба сарчашмаҳо дар он давра қариб аз 50 то 100 млн. нафар ҷони худро бар асари ин беморӣ аз даст доданд. Ва ин дар таърихи инсоният яке аз бемориҳое ба ҳисоб меравад, ки ҳам аз лиҳози сироятёфтагон ва ҳам аз лиҳози фавтидагон аз ҳама баланд меистад. Ин беморӣ ба монанди коронавирус буд, аммо дар шакли шадидтар, ки нафаре ба он гирифтор мешуд, пӯсти баданаш сиёҳранг мегардид, илтиҳоби шуш (пневмания) ва сулфаи бо хун мезад, ки дар натиҷа ба марг оварда мерасонид. Бубинед, ба монанди испанка боз даҳҳо бемориҳое пайдо шуда буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро паси сар намуд. Ҳамаи инро Сарвари давлат хуб дарк намуда, ба риштаи таҳлил кашидаанд. Вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус дастурҳои сарвақтиеро пешбинӣ карданд, ки мардум ба таҳлука наафтода, ба ин васила тавонистем нисбат ба дигар давлатҳо ба ин мушкилот хубтар истодагарӣ намоем. Мардуми тоҷик дар солҳои навадум дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз ин дида, рӯзҳои вазнинтарро паси сар намудааст, ки инро низ паси сар хоҳем кард.

Дар фарҷом гуфтаниам, ки мо – ҷавонони саодатманди  шаҳри бостонии Кӯлоб дар навбати худ аз он ифтихор дорем, ки дар роҳи созандагӣ ва тамаддунофарӣ пайраву дастёри Пешвои миллат ҳастем ва мекушем ба ин эътимоду боварии бузурге, ки Пешвои миллат нисбат ба мо доранд, бо нишон додани ташаббусҳои созанда, самимонаву софдилона иҷро намудани вазифаҳои бар души мо гузошташуда сазовор бошем ва бар зидди ҳамагуна бегонапарастиву ифротгароӣ дар сафи пеши муборизаҳо қарор хоҳем гирифт.

Саймуминзода Фирӯз Саймумин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg