БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Сарнавишт тоҷиконро ба имтиҳони сахту сангине рӯ ба рӯ намуд. Дар ин гирудори пуртаҳаввули таърих, сияҳкорони дохиливу хориҷӣ Тоҷкистони тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида, пояҳои иқтисодиву маънавӣ, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ намуда,боиси қурбониҳои зиёд гардониданд.

Дар чунин шароити душвори сиёсӣ шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавассути вакилони худ дар Шӯрои Олии кишвар масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ифода сохта, комёб ба он шуданд, ки барои аз нав барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ, таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намоянд. Вазъ то он дараҷа мураккаб гашт, ки кам нафаре пайдо мешуд, ки зимоми давлатдориро ба душ гирифта, истиқлолияти давлатиро ҳифз намояд. Барои наҷоти миллат ва таъмини Истиқлолияти давлатӣ роҳнамои хирадманд, сиёсатсатмадори қавиирода ва ватандӯст зарур буд.                                                                                                      Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ бори амонати давлатдорӣ ва раҳоӣ аз ин бунбаст масъулияти сахту сангин ва ниҳоят ҷиддиро ба души роҳбари ҷавон - Эмомалӣ Раҳмон гузошт.                                                                   

Вақт ҳамчун устоди бузург нишон дод, ки ӯ ин бори амонатро ҷавонмардона дар доираи манфиатҳои имрӯзу фардои халқ то нуктаи зурурӣ расонид. Роҳбари ҷавон ҳамагӣ чилсола бо халқи пароканда дар рӯ ба рӯи вазифаҳои бузурги таърихӣ бо фурсатҳои хеле кӯтоҳи таърихӣ қарор дошт.    Дар замони ошуфтагӣ ва бенизомию бесуботӣ дар ҷомеа ва умури давлатдорӣ, ки умеди роҳи наҷот аз ҳеҷ самте ба чашм намерасид, шахсияте ба роҳбарияти олӣ интихоб шуд, ки боэътимод ба фазли Худодод ва руҳи ниёгони бузурги миллат мулку мардуми худро соҳибӣ намуд ва дар роҳи расидан ба саодати миллӣ ҳомиву раҳнамо шуд. Расидан ба ваҳдат, таъсиси мақомоти давлатӣ ва эҳёи қонунии вазифаҳои идораи он, муайян намудани роҳи таърихии давлат барои ояндаи наздику дур, муарифии кишвар ба ҷомеаи чаҳонӣ, ҳифз намудани манфиатҳои миллӣ дар арсаи байнамилалӣ аз масъалаҳои мубраму аввалиндараҷае буданд, ки бояд дар муҳлати кӯтоҳтарин ҳалли худро меёфтанд.   Имрӯз, мо агар ба он солҳои мудҳиши сипаришуда мунсифона назар намоем, бешак иқрор хоҳем шуд, ки ин як имтиҳони таърихии давлати мо буд, ки зери роҳбарии Пешвои худ аз он на танҳо бо сарбаландӣ гузашт, балки корҳои муайяни давлатсозию давлатдориро барои наслҳои оянда иҷро ва рушди ҳокимияти намояндагиро ба сӯи парламентаризми касбӣ таъмин намуд. Махсусан хизматҳои бесобиқаи Президенти кишвар дар руши институти парламентӣ бениҳоят калон буда, то ба имрӯз аз ҷониби мақомоти олии қонунгузор 409 адад қонунҳо ба хотири пешрафти мардум қабул гардидааст. Бояд кайд намуд, ки кабули ду конуни миллии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳз бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки на танҳо дар ҷумҳурӣ ҳатто бурун аз марзи ҷумҳурӣ низ намуна барои омӯзиш ва қабули он гардидааст.  Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон аз чунин шахсиятҳои таърихи башарият аст, ки маҳз бо азму иродаи қавӣ, матонат, ҷасорат, устуворӣ, хидмати хастанопазир ба миллати хеш дар арсаи сиёсати бузург то ба шахсияте расидааст, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва тинҷию рифоҳи беш аз ду даҳсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи ӯ сахт марбут аст. Пешвои миллат бо иродаи қавии сиёсӣ, истодагарӣ ва ҷасорат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, амният ва суботро дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъмин намуданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди он шуд, ки миллати тоҷик дорои Пешвое мебошад, ки на танҳо дар муттаҳид намудани миллати худ, балки барои таъмини амнияти минтақа низ нақши калидӣ бозиданд. Дар воқеъ, фарзанди фарзонаи миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувваи худро дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ ва боз намудани роҳ ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ, рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз сафарбар намуда, сатҳи баланди эътироф ва эҳтироми милливу ҷаҳониро сазовор гардидааст.

Дар раванди фаъолияти сарвариашон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду амалишавии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар тадбирҳои боварибахшу ташаббусҳои ҷаҳониеро анҷом доданд, ки дар иртибот ба онҳо эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфт. Ин буд, ки мардуми шарафманди тоҷик бо сарбаландӣ ба Сарвари хеш унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро сазовор донистанд. Сулҳ ва Ваҳдати миллие, ки Пешвои муаззами миллат ба ҳамватанони маҳбубаш овард, кафили истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон гардид. Ин аст, ки мактаби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шаҳрвандони кишвар ва тамоми тоҷикони ҷаҳон мактабест, ки дар сарҷамъ намудани миллат, муаррифии тоҷикистониён ва инкишофи кишвари азизамонро фаро мегирад.

Пешвои муаззами миллат аз нахустин рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидан, аввалин суханонеро, ки ба забон оварданд, маҳз баҳри сулҳу оромӣ, баргардонидани гурезаҳо ва тинҷию осудагии мардум гуфта шуда буданд: «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам» ва ё «то даме, ки охирин гурезаро аз хоки Афғонистон ба Ватан бознагардонам, ман осуда буда наметавонам». Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медоданд, ки сарварии давлату миллатро шахсе ба зимма гирифтааст, ки воқеан ҳам ғамхори ин миллати азиятдида аст ва бо саъю талошҳои ӯ ба зудӣ ин ҳама ҷангу хунрезӣ хотима хоҳанд ёфт. Мардуми Тоҷикистон аз ин суханони пур аз меҳру муҳаббат нисбат ба ин хоку сарзамин ва мардуми шарифи он амиқан бовар ҳосил карданд, ки ӯ ба миллату давлати худ содиқу ғамхор асту баҳри сулҳу оштӣ овардан ба мардуми худ талош менамояд. Дар марҳилаи бунёдкориҳои пасоҷангӣ маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат зиёда аз як миллион мардуми фирорӣ аз хориҷи кишвар, асосан аз Давлати исломии Афғонистон ба Ватан баргардонида шуданд, ки ин дар таърихи башарият таҷрибаи беназир аст. Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ роҳи гуфтушуниду мусолиҳаро интихоб кард ва аз худ намунаи барҷаста ва нодир нишон дод. Зеро чунин аъмоли нек дар замири абармардони миллати тоҷик нуҳуфта ва таърих назирашро низ беш аз ҳазор сол барои ояндагон маҳфуз мондааст.

Бояд гуфт, яке аз амалҳои инсондӯстона ва хайрхоҳонаи ҷовидонӣ дар таърихи миллати тоҷик, ин сулҳи амир Исмоили Сомонӣ бо бародари бузургаш Наср ибни Аҳмад барои доғдор накардани насаби пуршарафи Сомонӣ ва ба хотири пойдор нигоҳ доштани давлати Сомониён аст ва андаке пештар аз ду даҳсола айнан ҳамин амали нек аз ҷониби шахсияти наҷиби миллат Эмомалӣ Раҳмон такрор шуд ва амалӣ гардид. Яъне, шахсиятҳои саршиносе ҳам дар таърихи башар будаанд, ки гуноҳи хурду бузурги тарафи муқобилро бахшида ва баҳри расидан ба сулҳу оштӣ гузаштҳо кардаанд. Пешвои миллат ба хотири расидан ба сулҳе, ки он замон ба миллати тоҷик чун обу ҳаво зарур буд ва мардум шабу рӯз дар орзӯяш буданд, аз худ намуна нишон дода, ин кори хайр ва муҳимро то ба нуқтаи ниҳоӣ расонид.

Тавре маълум аст, бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, махсусан кишоварзӣ ва саноат зарари калон расид, ки мардум аз маводи ғизоӣ, асосан аз нон танқисӣ мекашиданд. Ин масъала он рӯзҳо дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз умдатарин масъалаҳо буд ва Пешвои миллат баҳри ҳарчӣ хубтар ҳаллу фасл намудани он талош мекард. Аз ин хотир ба деҳқонон дар муддати ниҳоят кӯтоҳ зиёда аз 75 ҳазор гектар замин тақсим карда шуд, ки ин аз иқдомҳои воқеан наҷибона ва ҷавонмардонаи Эмомалӣ Раҳмон буд, ки барои аз байн бурдани фақр дар кишвар ва норасоии маводи ғизоӣ, таъсири ниҳоят бузург расонид.

Маҳз ба хотири расидан ба зиндагии шоиста ва устувории иқтисодиёту пойдории системаи сиёсии давлат чаҳор ҳадафи муҳими стратегӣ қабул шудааст, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ва саноатикунонии кишварро дар бар гирифтаанд. Маҳз аз ин сабаб буд, ки имрӯз ба чор самти олам роҳҳои заминию ҳавоии байналмилалӣ боз шудаанд.

Барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бошад, чанд қадаме беш намондааст, то ҷумҳурии азизи мо ба кишвари муҳими содиркунандаи он табдил ёбад. Бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун мамлакатро аз буҳрони энергетикӣ раҳоӣ бахшида, ҳадафҳои стратегии моро амалӣ мегардонад.

Маҷмуан кишвари мо дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию байналмилалӣ ва кулли соҳаҳои зиндагии мардум ба пешрафту тараққиёт расидааст, ки ин ҳама аз фазилати меҳнатқаринию суботкориҳои Пешвои муаззами миллат шаҳодат медиҳанд. Президети кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон ба ин ҳама муваффақияту пешравиҳо бо ба кор бурдани тамоми хислатҳои неки миллати тоҷик, аз қабили меҳнатдӯстӣ, қавииродагӣ, дилсӯзӣ, ботамкинӣ, мардумписандӣ, инсондӯстӣ, дилкушодӣ, дасткушодӣ, хайрхоҳӣ, бахшандагӣ, некпиндорӣ, некрафторӣ, бунёдкорӣ, кумак ва дастгирии ятимону муҳтоҷон ва барҷомондагон ноил гардидааст. Натиҷаи ҳамин заҳматҳои хастанопазири Пешвои миллат буд, ки дар интихоботи 11 октябри соли 2020, мардуми шарафманди Тоҷикистон якдилона номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, ба ҷонибдории ӯ овоз доданд.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар мамлакат ҳамасола 16 - уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Тибқи моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Тамоми талошҳои Пешвои миллатро мардуми Тоҷикистон ба назар гирифта, рӯзи 16 ноябрро дар кишвар ҳамчун рузи Президент эълон кардаанд.

Нуруллоев Саъдулло, мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg