БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАТБИҚИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР МАҲАЛ

НОРАК. Бо иштироки сокинони деҳаи Даҳанаи Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” роҳандозӣ гардид.

Дар ин чорабинӣ сокинони деҳа фаъолона иштирок карда, дар якҷоягӣ роҳи пиёдагарде, ки сокинони деҳаро ба беморхонаи марказии шаҳр пайваст менамуд, сангфарш намуданд.

Зимни баргузории Аксия мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳр  Фирдавс Ғафурзода баромад намуда, оид ба аҳамияти гузаронидани Аксияи ҳизбӣ суханронӣ карда, аз иштирокдорони корҳои ободонӣ барои саҳми арзандаашон изҳори сипос кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg