ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Нозироти Андоз" маҷлиси ҳизбӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ доир карда шуд.
Дар маҷлиси мазкур ду масъала- фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Нозироти андоз" дар се моҳаи якуми соли 2021 ва интихоби раиси нави ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур баррасӣ гардид. Аз рӯи масъалаи якум сардори нозироти андоз Хоҷаев Назрулло ба сухан баромада, оид ба корҳои ба анҷом расонидашуда ва фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Нозироти андоз" дар се моҳи соли 2021 ҳисобот дод. Вобаста ба масъалаи дуюм корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ баромад намуда, қайд кард, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштани собиқ сардори раиси ташкилоти ибтидоии “Нозироти андоз” дар ноҳияи Дӯстӣ роҳбари нави ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Раҳмонов Насим интихоб карда шуд.