ДӮСТӢ. Бо аҳли ҷамоатчигии Ҷамаоти деҳоти Ҷиликӯл вохӯрии номзади ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷалолиддини Балхӣ-№30 Одиназода Ҳуснигул доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ аз тарафи шахси боэътимоди номзад раиси собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ М.Сафарзода муаррифномаи номзад ба самъи иштирокдорон расонида шуд. Баъдан Одиназода Ҳуснигул вобаст ба ҳадафу мароми Барномаи пешазинтихоботӣ ҳарф зада, қайд кард, ки бо эҳсоси масъулият ҳамчун номзади пешбаришуда аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии ҳизбиро сармашқи кори худ қарор дода, барои амалӣ шудани онҳо талош меварзам. Инчунин, интихобкунандагон низ ба сухан баромада, иброз доштанд, ки рӯзи интихоботи миёнадаврӣ иштирок намуда, ба номзади арзанда барои рушди минбаъда овоз медиҳем.