БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НУФУЗИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БОЛО РАФТА ИСТОДААСТ

БОХТАР. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бонки миллӣ” бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ҳакимова Волида  маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.

Дар маҷлис нахуст, гузориши раиси ташкилоти ибтидоӣ дар се моҳи аввали соли 2021 шунида шуд.

Ҳакимова Волида зимни баромади худ иброз дошт, ки рӯз то рӯз обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта истодааст. Дар ин маврид метавон, баргузории Конфронси нуҳуми вазирони “Қалби Осиё”-ро ёдовар шуд, ки имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад.

Дар идомаи маҷлис масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, бо  дастовардҳои меҳнатӣ пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ободониву созандагӣ ва ғайра муҳокима  гардид. Дар охир ба чанд нафар аъзои ҳизб барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ Сипосномаҳои  Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ супорида шуд.

Ҳамзамон,  масъалаи қабул ба сафи ҲХДТ дар маҷлис муҳокима гардида, ба чанд нафар кормандони Бонки миллӣ дар минтақаи Бохтар шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg