БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН

ВОКУНИШ. Терроризм яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангини зулмовар ба ҳисоб рафта, ҳадафи он пароканда кардани якпорчагии давлат ва қатлу куштор буда,  саркардагони он бо ин роҳ хостгори ҳокимияти мутлақ барои амалигардонии мақсаду ниятҳои нопоки худ мебошанд. Дар замони муосир ин падидаи нангини хунхор аз ҷониби гурӯҳҳои гуногун бо истифода аз номҳои исломӣ ба монанди «Давлати Исломӣ, ҷабҳат-ал-нусра, Ал-қоида, Толибон» ҷаҳонро ба ҳаррос овардааст. Чунин гурӯҳҳои хунин неруи ҷисмонии худро аз ҳисоби ҷавонони берун аз таҳсилу илм, тарбияи падару модар ва надоштани таълимоти кофӣ дар бораи дину оини хеш ташкил медиҳад, ки фикри ба осонӣ ба даст овардани пулу моли бе машаққат ва гумони хизмат ба динашонро мекунанд, ба зудӣ бо ҳар гуна роҳҳо, аз қабили ваъдаи маоши хуб ва шароити зиндагии арзанда ва бой шуданро ба онҳо медиҳанд, ки фиреби маҳз аст, ба доми онҳо меафтанд. Надоштани иттилои кофӣ дар бораи ҷараёну ҳаракатҳои террористӣ ва орзуву манфиатҳои моддӣ ҷавононро ба сафи гурӯҳҳои хунини террористӣ мебарад. Чунин раванд дар охири асри ХХ ва аввали асри ХХI ба авҷи баланди худ расидааст, ки боиси нигаронии мардуми тамоми ҷаҳон гардидааст. Ҳодисаҳои хунхору ваҳшиёнае, ки созмонҳои террористӣ бо ном давлати исломӣ дар паси матоъи сиёҳи бо дарки номи Худо ва Паёмбари ислом пинҳон шуда, мақсадҳои берун аз дину оинро дар хоки кишварҳои Сурияву Ироқ, Тунису Яман ва Нигерия анҷом медиҳанд, дар баробари талаф  ёфтани нафарони зиёди бегуноҳи ин кишварҳо, инчунин осорхонаҳои муҳимми таърихӣ ва дастовардҳои инсонӣ вайрону валангор гардидаанд.

Усмонов Абдурашид,  муҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg