БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТОҶИКИСТОН МАТБУОТ ОЗОД АСТ

АНДЕША. Чандест, ки дар баъзе шабакаҳои радиоии мустақил ва ғайридавлатӣ бо иштироки баъзе нафарон оид ба мавҷуд будан ё набудани озодии матбуот, озодии сухан дар Тоҷикистон бо номи "Гапи озод" суҳбатҳо доир карда шуда,  дар сомонаи иҷтимои  пахш карда мешавад.

Албатта ин мавзӯъ мо шаҳрвандонро бетараф гузошта наметавонад, чунки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҳамаи ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, соҳибкорию фаъолияти эҷодӣ, хусусан шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва иҷтимоӣ, ки дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст.

Агар мо ба даврони шӯравӣ назар андозем, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ як шабакаи ҷумҳуриявии телевизионӣ ва як шабакаи радиоӣ мавҷуд буду халос. Дар он замон ягон шабакаи телевизионӣ ва радиои мустақил мавҷуд набуд. Рӯзномаю маҷаллаҳо ҳама давлатӣ буда, танҳо мавзӯъ ва суханҳои лозимиро ба чоп мерасониданд.

Хушбахтона, бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои иттилоотии кишвар хеле васеъ гардида, дар ин давра шабакаҳои телевизионии давлатӣ, ки тамоми ҷумҳуриро фаро мегирад ба 12 адад расида, шумораи шабакаҳои радиои давлатӣ хеле зиёд гардиданд. Ба ғайр аз ин шабакаҳои телевизионию радиои маҳаллӣ фаъолият мекунанд.

Вобаста ба  шумораи рӯзномаю маҷаллаҳои давлатӣ қайд кардан лозим аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат натанҳо рӯзномаю маҷаллаҳои давлатӣ, балки вазорату корхонаҳо ва донишгоҳҳо соҳиби рӯзномаву маҷаллаҳои худ гардида, озодона матлаби худро ба нашр мерасонанд, ки дар ҳамаи онҳо аз пешравиҳо ва дигар комёбиҳо гуфта шуда ба чоп расонида мешавад. Инчунин, тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру ақидаҳои худро, ки ҳарчанд рӯзнома бо онҳо ҳамфикр набошад ҳам метавонанд ба нашр расонанд, ки ин шаҳодати озод будани матбуот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ин радиф шумораи шабакаҳои телевизиону радиоҳои мустақил хеле зиёд гардиданд, ки ҳамарӯза барномаҳои худро бо якчанд забон пахш мекунанд. Шумораи рӯзномаю маҷаллаҳои ғайридавлатӣ ва хусусӣ бошад, аз 100 адад зиёд мебошад, ки ҳамаи онҳо дар мавзӯҳои гуногун мақола ва сухани мардумро нашр карда, ба фурӯш мебароранд. Пас худ қазоват кунед, ки тамоми ин шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳо озодона афкори ҷомеаро инъикос менамоянд ё ба чоп мерасонанд. Ба таври дигар гӯем агар озодии матбуот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намебуд, пас чунин шабакаҳои радиоии мустақилу ғайридавлатӣ ва дигар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ магар фаъолият карда метавонистанд? Ҳаргиз на.  Пас моро лозим меояд, ки аз тамоми шароиту имкониятҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо фароҳам овардааст, самаранок истифода бурда, тамоми пешравиҳо ва дастовардҳои замони истиқлолро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Қурбонов Абдулҳафиз, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg