БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОНДА ШУДАНИ ИЗЗАТ АМОН ГУНОҲИ ХУДИ ЎСТ!

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонањои хабарӣ ронда шудани  Иззат  Амон, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ шаҳрвандии Россия-ро соҳиб гардида будааст,  бо қарори додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Москва аз  Федератсияи  Россия ронда шуда, сару садоҳоро байни муҳоҷирони меҳнатӣ барангехтааст. Баъзе аз гурӯҳҳои экстремистию террористӣ,  ки берун аз Ватан  дар оғӯши хоҷагонашон кор ва фаъолият менамоянд, аз боздошти  як қаллоб ҳангомаҳо сохта, ронда шудан ва боздошти онро  ба худ як мусибате донистаанд. Албатта  барои як гурӯҳе оммафиреб, бадхоҳ, зархарид боздошти як қаллоб, ки бо сӯистифода аз боварии як қатор муҳоҷирон  маблағҳои онҳоро аз худ кардааст, шояд мусибат ва ҳангома бошад. Вале набояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш кард, ки ягон қаллоб наметавонад, ки  дар фикри беҳбудии дигарон бошад, зеро барои онҳо танҳо манфиати шахсии худ аз ҳама боло меистад. Ронда  шудани Иззат Амон ва ҳазорон нафаре, ки қонуни як кишварро риоя намекунанд, наметавонад  гуноҳи як мақомоти Тоҷикистон  ва ё роҳбари он  бошад, зеро маълум аст, ки ҳар нафаре қонунро риоя намекунад ё қаллобӣ менамояд, ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Дар ин замина шахсоне, ки аз Иззат Амон дифоъ менамоянд, бояд аз шахсияти ӯ ва кору фаъолияти ӯ хуб огоҳӣ дошта бошанд.Махсусан муҳоҷирони меҳнатиро месазад, ки ҳушёру зирак бошанд, ба ҳар ҳаводисе, ки рух медиҳад воқеъбинона назар афкананд ва њељ гоњ фаромӯш насозанд, ки давлат ягона пуштибон ва ғамхори онҳост.

Худойдод Ёров, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg