БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҒВОАНГЕЗ ҲЕҶ ГОҲ ҲАҚ ХОҲ БУДА НАМЕТАВОНАД!

ВОКУНИШ. Барномаҳои иғвоангезонаи «Ҳақ ва Ботил», ки аз тарафи як зархарид ва ё фитнаагез,  аъзои гуруҳи экстремистии  24, Ҳусейн  Ашуров  пахш  мегардад, бори дигар маълум намуд, ки  ҳадафи  аслии гуруҳ барангехтани  кинаю  адовати миллӣ, мағзшӯии  ҷавонон  ва  ноором кардани суботи сиёсии Тоҷикистон мебошад. Маълум аст, ки  «Гурӯҳи 24»,  дар хориҷи кишвар  таъсис ёфта аз тарафи давлатҳои манфиатхоҳ бо мақсади  ноором кардани авзои сиёсии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад  ва ҳеҷгоҳ мақсади  онҳо беҳбудии мардум нест, танҳо бо роҳи фиребу ваъдаҳои беасос  мехоҳанд   ҳокимиятро  ғасб намоянду манфиатҳои худ ва хоҷагонашонро пиёда созанд. Пахши барномаҳои пайдарпаи  экстремистии ин гурӯҳи  авомфиреб  боис гардид, ки  нофаҳмоиҳои зиёд байни  муҳољирон  ва аъзоёни худи гурўҳ  сарзанад. Барномаҳои  аъзоёни ин гуруҳи экстремистӣ  танҳо аз танқидҳои беассос, хусумат нисбати роҳбарияти кишвар ва истифода аз мушкилотҳое, ки хосси тамоми давлатҳо    мебошад иборат буда, худро дар либоси «гӯсфанд»,  «ғамхори миллат» ва ё «мухолифи ҳукумат» тарошиданҳо   танҳо бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи маблағгузорони хориҷӣ мебошад. Бо ин мақсад ҷавонони саодатманди диёр, маҳз муҳоҷирони бо нангу номусе,  ки баҳри пешбурди чархаи зиндагии оилаи худ берун аз кишвар кору фаъолият менамоянд, месазад, ки ҳушёру зирак бошанд ва ба чашми хирад ба пешрафту гулгуншукуфоии Ватани азизи хеш нигаранд, зеро дар роҳи давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ касе бештар аз худи миллати тоҷик манфиатдор нест. Набояд фаромӯш сохт, ки дастгирии чунин гурўҳҳои иғвоангезу экстремистӣ моро танҳо  ба ноором сохтани фазои сулҳу оромӣ  ва сӯхтани хонаи худ мебараду халос. Пас ободии Ватан ободии хонадони мост, биёед ҳамчун як мушт, атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муттаҳид бошем, хонаи худ - Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу пешрафта  гардонем ва дар арсаи байналмилалӣ собит созем, ки мо миллати тамаддунофар, бунёдкор ва созандаву соҳибтамаддунем.

Худойдод Ёров, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттиллоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg