БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР ДЕҲАИ ФИДОКОР

ВАХШ.  Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба баргузории аксияи муштараки амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Фидокор»-и ҷамоати деҳоти Тоҷикобод,  аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бо мақсади тоза намудани гирду атроф ва дохили манзилгоҳи деҳа ба ҳашар баромаданд.

Дар рафти корҳои ободонӣ сокинон ба тоза намудани гирду атрофи қабристон ва шинонидани ниҳолҳои сояафкан машғул шуданд.   

Дар ин ҳашар зиёда аз 400 нафар аъзои фаъоли ҳизб  иштирок намуда, корҳои тозакунии дохил ва атрофи қабристонро ба анҷом расонида, зиёда аз 150 адад дарахтони ороишиву сояафканро  шинониданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Аксияи доиргардида раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Мирилиён Қиёмиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон иштирок ва суханронӣ  намуданд. Инчунин,  дар идомаи суҳбат Мирилиён Қиёмиддин   аз рафти сохтмони бинои синфхонаҳои иловагии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №16, ки  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  ва дастгирии  фаъолони ҳизб, ки аз 12 синфхона иборат аст, дидан намуда, барои ҳарчи зудтар бо сифати хуб ба  анҷом расонидани сохтмони синфхонаҳо ба шахсони масъул ва сохтмончиён маслиҳтҳои муфид дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg