БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи насли ояндасоз вазифаи имониву виҷдонии мост

ВАХШ. Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Вахш дар маҷмааи варзишии Вахш байни ҷавонони дастаҳои ҷамоати деҳоти Тоҷикобод ва ҷамоати шаҳраки Вахш мусобиқаи футбол доир намуданд.

Раиси бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Вахш Файзуллоев Ҳабибулло ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Маҳмадов Бурҳон дар назди дастаҳои бозингарон суханронӣ намуда, дар бораи ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонони кишвар ёдовар гаштанд.

Зикр карда шуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ҷавонон вазифадоранд, ки Ватани худро самимона дӯст дошта, баҳри ободиву ҳифзи он содикона хидмат намоянд.
Сипас, ба мусобиқаи варзишии  футбол байни дастаҳо оғоз бахшида шуд. Дар вақти баргузории мусобиқа бозингарони дастаҳои аз худ маҳорати баланди футболбозӣ нишон дода, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Бозингарони дастаҳои футболбозон ҳамаги аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан», ҷавонони аъзои ҲХДТ ва ҷонибдорони ҳизб буда, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон саҳми арзандаи худро гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg