БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиҳои лаънатӣ фашистони динӣ ҳастанд, ки ба арзишҳои ислом хиёнат намуданд

ВОКУНИШ. Дар ҳақиқат имрӯз вазъи кунунии ҷаҳон ниҳоят ташвишовар буда, хусусан дар кишварҳои мусулмонии ҷаҳон, аз ҷумла Сурия, Ироқ, Афғонистон, Эрон гурӯҳҳои террористию экстремистӣ тавассути сомонаҳои интернетӣ ҷавонони ноогоҳи тамоми дунёро мағзшӯӣ карда истода, онҳоро ба гурӯҳҳои худ ҷалб намуданд. Ба доми фиреби ин гурӯҳҳои ифротгаро ҷавонони Тоҷикистон низ афтода, айни замон дар ҳайати ин гурӯҳҳо дар мамлакати Сурия ҷангида истодаанд.

Ин гурӯҳҳои террористию экстремистӣ худро Давлати Исломии Ироқу Шом номиданд. Вале дар асл кори асосии онҳо куштори ваҳшиёнаи мусулмонони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон мебошад. Онҳо таҳти  шиори “ҷиҳод” ба корҳое даст зада истодаанд, ки мислашро ҳатто дар давраи ҷанги Германияи фашистӣ фашистони гитлерӣ анҷом надода буданд. Ба фикри ман маънои калимаи ҷиҳод ҷаҳду талош кардан аст. Хизмати падару модар, устод, хизмат ба ватан, дар ободии диёр саҳм гузоштан худ ҷиҳод аст.

Аъзоёни ДИИШ ҳатто падару модарони худро ваҳшиёна ба қатл расонида истодаанд. Ва бо ин роҳ мехоҳанд, ки дар дили мардум тарсу ҳаросро ҷой намуда, тарафдорони худро зиёд намоянд. Оё падару модари худро ваҳшиёна ба қатл расонидан ҷиҳод аст? Оё мусулмон бародари мусулмонро куштан ҷиҳод аст? Оё дар бадан моддаи тарканда насб карда мактабу масҷидҳо ва ҳазорон нафар бегуноҳонро куштан ҷиҳод аст? Ин корҳое ҳастанд, ки гуруҳи наҳзатиҳои лаънати солҳои навадум анҷом медоданд ва кӯшиш карданд соли 2015 дубора роҳандозӣ кунанд.

Ҳар яки моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба доми фиреби гурӯҳи наҳзатиҳо наафтему ҷони ҷавони худро беҳуда қурбон накунем.

Терроризм ҳамчун раванди хатарзои зиддибашарӣ имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ба нав ва сангинро эҷод менамояд. Он барои мардуми азияткашида ва сулҳдӯсти мо шинос аст ва баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бо ин зуҳуроти номатлуб рӯ ба рӯ гашта, азобу дарди онро дар қатори баъзе сокинони мамлакатҳои ҷаҳон аз сар гузаронидааст.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Аз ин лиҳоз ҳар яки мо ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, пойбанди ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо нашавем ва дар ободии диёру давлати хеш саҳми шоиста гузорем.

Ҷавонон дар ҳама давру замонҳо илҳомбахши ҷомеа ва қудрати тавонои созанда мебошанд. Дар тамоми давру замонҳо давлату ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии ҳама кишварҳо ба ҷавонон, ҳамчун ба нерӯи муҳофизи миллату мамлакат ва қувваи пешбарандаи ҷамъият эътимод доранд.

Дар навбати худ, ҷавонони иззатмандро лозим аст, ки  ин эътимоду боварии халқу Ватанро арҷгузорӣ намуда, малакаву маҳорат, далериву ҷасорат ва қуввату қудрати худро баҳри тараққиву таҷаллии сарзамини аҷдодӣ равона созанд, даврони гулгулшукуфии ҳаёти худро ғанимат шумурда, барои ҳаёти зебои оянда саъю талош варзанд.

Насли ҷавон бояд дар замири худ ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро ташаккул дода, ба ин васила дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Сулҳе, ки дар Тоҷикистони азизи мо ҳукмфармост бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми бонангу номуси миллат ба даст омадааст, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин Ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро ғуборолуд созад.

Бинобар ин наврасону ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ин зуҳуроти нангин мубориза бурда,  баҳри ободии кишвари азизамон – Тоҷикистон, саъю талош намоянд. 

Солиҳов Маҳмадрасул- мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg