ШАҲРИТУС. Оид ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Бобоев Беҳрӯ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус Шарофзода Ҳомидҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Ализода Сураё ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав дар ташкилоти ибтидоии “Шуъбаи маориф” бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии маҳаллу деҳоти ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав семинар-машварати дастурдиҳӣ судманд баргузор гардид.
Дар семинар-машварати ҳизбӣ моҳияти “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ” ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуда, аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин барои ҷоннок кардани фаъолияти ҳизбӣ, ҳуҷҷатгузориҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, қабули аъзои ҳизб аз ҳисоби шахсони бомаърифат ва дигар паҳлуҳои фаъолияти ҳизбӣ ба раисони ташкилотҳои ибтидоӣ дастуру супоришҳо дода, таъкид кард, ки фаъолияти ҳизбӣ масъулияти баландро аз ҳар як аъзои ҳизб талаб мекунад.
Дар охир аз ҷониби Миралиён Қиёмиддин ба собиқадори ҲХДТ Имомзода Салим барои саҳми арзанда ва иштироки фаъолона дар амалӣ намудани ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ ва баланд бардоштани эътибору нуфузи ҳизб дар байни ҷомеа Сипосномаи ҲХДТ-ро тақдим намуд.